Ташкили парвандаи ҷиноӣ алайҳи ду масъули молӣ дар Вазорати кишоварзии Тоҷикистон
Ожонси мубориза бо фасоди идории Тоҷикистон аз оғози ташкили парвандаи ҷиноӣ алайҳи ду масъули молии Вазорати кишоварзӣ хабар дод.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз “Спутник”, ин парванда алайҳи хонумҳо Мавлуда Қушоқова, мудири молӣ ва Манижа Муҳаммадшоева, муҳосиб ташкил шудааст.
Ба иттилоъи манбаъ, Мавлуда Қушоқова, ки ба ҳайси мудири комиссиюни давлатии озмоиши анвоъи зироатҳои кишоварзӣ ва муҳофизати онҳо ва Манижа Муҳаммадшоева дар симати муҳосиби молии ин идораи Вазорати кишоварзӣ фаъолият мекарданд, бо тавофуқи аз қабл анҷомшуда, даст ба ҳийфу мил кардани маблағҳои буҷа ва тақаллуби аснод задаанд.
Ожонси мубориза бо фасоди идории Тоҷикистон мегӯяд, ки ин ду масъули молӣ тавассути сохтакории аснод, пулҳои зиёди буҷаи ин вазоратхонаро ба унвони маошу дастмуздҳои изофӣ ба ҷайби худ задаанд, ки ҳаҷми умумии ин маболиғ ҳудуди 100 ҳазор сомонӣ (10 ҳазор доллар) тахмин зада мешавад.
Ожонс мегӯяд, ки нисбат ба ин ду масъули молии Вазорати кишоварзӣ тибқи моддаи 245 (исрофкорӣ ва азхудкунии маблағ) ва 323 (сохтакории аснод ва таҳриф кардани иттилоъ дар санадҳо) –и Кодекси ҷиноӣ парванда ташкил шуда, тафтишот идома дорад.
Муттаҳамон ҳанӯз дар бораи ин қазия изҳори назар накардаанд.