Август 14, 2019 19:40 Asia/Dushanbe
  • Боздиди сафирони кишварҳои хориҷӣ аз минтақаи гардишгарии Ромит

Сафирон ва намояндагони расмии кишварҳои хориҷӣ аз минтақаи гардишгарии дарари Ромит, дар ноҳияи Ваҳдат, дар 30 километрии шаҳри Душанбе дидан карданд.

Ба гузориши хабаргузории “Ховар”, бо ибтикори Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти шаҳрдории Ваҳдат, рӯзи 10 августи соли ҷорӣ намояндагони 25 сафоратхона, аз ҷумла сафирони кишварҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Украина, Ҳинд, Эрон, Арабистони Саудӣ, Қатар, Амрико Туркманистон ва намояндагон созмонҳои байналмилалӣ аз муҷтамаъи гардишгарии мавсум ба “Орху”, воқеъ дар дараи Ромит ва шароиту имконоти тафреҳ ва табиати зебову афсунгари ин мавзеъ боздид карданд.

Зимни ин сафар, сафирони хориҷии муқими Душанбе-пойтахти Тоҷикистон, аз намоишгоҳи саноеъи дастӣ ва мавзеи гардишгарии дараи Ромит боздид карданд.

Ноҳияи Ваҳдат яке аз манотиқи гардишгарии муҳим дар Тоҷикистон маҳсуб мешавад ва мавзеъҳое монанди дараи Ромит, Мамнуъгоҳи Ромит, гармчашмаи шифобахши “Зайрон”, оби шифобахши “Шӯр” ва муҷтамаъҳои зиёди гардишгарӣ ба ҷаззобияти гардишгарии ин ноҳия афзудааст.

Тибқи қарори давлати Тоҷикистон, дар сентябри соли 2000-и мелодӣ дараи Ромит минтақаи тафреҳиву гардишгарӣ эълом шудааст.

 

Барчасп