Август 15, 2019 12:08 Asia/Dushanbe
  • Бозсозии як маркази дармонии Тоҷикистон тавассути Туркия

Ожонси ҳамкорӣ ва ҳамоҳангии Туркия «ТИКА» бинои як маркази дармонӣ дар ноҳияи Рудакии Тоҷикистонро бозсозӣ кард.

 Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Анатоли, ин марказ танҳо маркази дармонӣ дар рустои 10 ҳазорнафараи Арбобхотун аст ва 9 пизишк ва 12 парастор дар он кор мекунанд.

Хадамоти дандонпизишкӣ, бемориҳои занон ва дохилӣ дар ин марказ ироа мешавад. Ҳадафи бунёди «ТИКА»-и Туркия аз ин иқдом, афзоиши сатҳи фаъолияти маркази мазкур ва хидматрасонии беҳтар ба мардум аст.

 

Барчасп