Тақсими гушти қурбонӣ тавассути бунёди “Ҳамёриҳои башарии Туркия” дар Тоҷикистон
(last modified Thu, 15 Aug 2019 07:33:44 GMT )
Август 15, 2019 12:33 Asia/Dushanbe
  • Тақсими гушти қурбонӣ тавассути бунёди “Ҳамёриҳои башарии Туркия” дар Тоҷикистон

Гушти 10 чорвои қурбонӣ тавассути бунёди “Ҳамёриҳои башарии Туркия” миёни ниёзмандони Тоҷикистон дар атрофи Душанбе, пойтахти ин кишвар тақсим шуд.

Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Анатоли , бунёди “Ҳамёриҳои башарии Туркия” (i̇hh) ба унвони яке аз фаъолтарин ва муассиртарин бунёдҳо ва ниҳодҳои башардӯстонаи Туркия, дар нахустин рӯзи Иди саиди Қурбон гушти қурбонии 10 чорвои қурбониро миёни 600 хонаводаи ниёзманди Тоҷикистон дар минтақаи Ваҳдат, нздикии шаҳри Душанбе, пойтахт ин кишвар тақсим кард.

 Ҷамшеди Сафаралӣ, мудири анҷумани хайрияи “Сабо”-и Тоҷикистон дар ин замина изҳор дошт: Ин анҷуман соли 2016 барои фаъолият дар заминаи кумакҳои инсонӣ таъсис шуд. Бо муассисаҳои мухталиф дар дигар кишварҳо барои кумак ба мардуми Тоҷикистон ҳамкорӣ мекунем. Дар ин росто бо бунёди “Ҳамёриҳои башарии Туркия” ҷиҳати барномаи тақсими гушти қурбонӣ дар рӯзи Ид иқдом кардем.

 Вай дар идома афзуд: Алҳамдулилоҳ миёни ҳудуди 600 хонавода гушт тақсим шуд. Аз мардуми Туркия бобати ин иқдом бисёр ташаккур мекунем. Умедворем ҳамкории мо бо муассисаҳои Туркия дар оянда афзоиш ёбад.