Коҳиши 35 дарсадии муътодон ба маводи мухаддир дар Тоҷикистон
(last modified Fri, 16 Aug 2019 15:53:40 GMT )
Август 16, 2019 20:53 Asia/Dushanbe
  • Коҳиши 35 дарсадии муътодон ба маводи мухаддир дар Тоҷикистон

Тайи 10 соли ахир теъдоди муътодон ба маводи мухаддир дар Тоҷикистон 35 дарсад коҳиш ёфтааст.

Ба гузориши “Форс”, ин матлаб дар нишасти Шӯрои ҳамоҳангии пешгирӣ аз эътиёди маводи мухаддир, ки дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, баён гардид.

Дар ин нишаст, ки бо ҳузури мақомоти расмии тоҷик ва ҳамчунин намояндагони Вазорати дохилии Русия, Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ва Барномаи тавсеаи Созмони Милал ва Иттиҳоди Аврупо баргузор шуд, Азим Иброҳим, раиси Шӯрои ҳамоҳангии пешгирӣ аз эътиёд ба маводи мухаддир ва муовини нахуствазири Тоҷикистон дар мавриди вазъияти эътиёд дар ин кишвар суханронӣ кард.

 Вай гуфт, то аввали июни соли ҷории мелодӣ 5666 нафар муътод ба маводи мухаддир (аз ҷумла 128 нафар зан) ба сабт расидааст, ки дар қиёс бо соли қабл 17.7 дарсад камтар шудааст.

Шерхон Салимзода, раиси Ожонси назорати маводи мухаддири Тоҷикистон низ тайи суханоне изҳор дошт, эътиёд дар ин кишвар ва минтақаи Осиёи Марказӣ ба таври мустақим ба шароити Афғонистон бастагӣ дорад.

Ба гуфтаи вай, то авоили даҳаи 1990 дар Тоҷикистон омори расмӣ аз масрафкунандагони маводи мухаддир вуҷуд надошт, аммо тайи солҳои 1995-1996 феҳристи муътодон ба маводи мухаддир таҳия ва дар соли 1998 теъдоди онҳо ба 1475 нафар расид, ки 61 нафар аз онҳо зан буд.

Дар солҳои баъдӣ шумори онҳо рӯ ба афзоиш ниҳод, ки дар соли 2008 ба 8846 нафар расид.

Салимзода изҳор дошт, иқдомоти анҷомшуда аз сӯи давлат ва дигар ниҳодҳои марбутаи Тоҷикистон мунҷар ба он шуд, ки дар соли 2019 теъдоди муътодон дар қиёс бо 2008 ба 3180 нафар (36 дарсад) коҳиш ёфт.

Ба лиҳози радаи синнӣ 1102 нафар муътод 18-34 сол, 4423 нафар 35-59 сол ва 141 нафар болои 60 сол дошта ва хушбахтона ҳеҷ муътоди зери синни 18 ба сабт нарасидааст.

 

 

Барчасп