Август 17, 2019 10:17 Asia/Dushanbe
  • 55 миллион евра кумаки Камисиюни Аврупо барои беҳбуди зиндагонии сокинони рӯстоҳои Тоҷикистон

Камисиюни Аврупо аз кумаки 55 миллион евра барои рӯшди минтақаҳои рӯстоии Тоҷикистон хабар дод.

Ба нақл аз хабаргузории Азия Плюс, ин кумаки молӣ барои истифодаи баҳина аз мнобеъи об ва коҳиши осебҳои болоёи табиӣ дар минтақаҳои Тоҷикистон ҳазина хоҳад шуд.

Ба гуфтаи мақомоти Камисиюни Аврупо се чоруми мардуми Тоҷикистон дар минтақаҳои рӯстоӣ зиндагӣ мекунанд,ки саҳми онон дар тавлиди нохолиси миллии ин кишвар наздик ба 50 дарсад аст, амммо иқтисоди минтақаҳои рӯстои Тоҷикистон аз мушкилоти мудириятӣ, истифодаи нодуруст аз манбаъҳои об ва монеътарошӣ дар роҳи фаъолияти бахши хусусӣ ранҷ мебарад.

Акнун бо эъломи барномаи дуввуми кумаки Камисиюни Аврупо барои рӯшди минтақаҳои рӯстоии Тоҷикистон рӯйи мудирияти манбаъҳои об, беҳбуди амалкарди шабакаҳои обрасонӣ, ишدиғолзоӣ ва фаъолияти бахши хусусӣ тамаркуз хоҳад шуд.

Дар чорчуби барномаи нахусти кумаки Камисиюни Аврупо барои рӯшди минтақаҳои рӯстоии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Бонкҳои ин кишвар теъдоди 74 намуди вом дар бахши кишоварзии ин Ҷумҳурӣ мавриди истифода қарор гирифт,ки муҷиби насби таҷҳизот дар 6 озмоишгоҳ ба манзури кантроли кайфият ва таъмини амнияти ғазоии маҳсулот шуд.

Камисиюни Аврупо аз соли 1991 бо Тоҷикистон ҳамкорӣ мекунад.

 Агар мизони кумаки молии беивази Камисиюни Аврупо ба Тоҷикистон дар оғози соли 2000 солиёна 20 миллион  евра буда,таи солҳои ахир ин мизон ба 33 миллион евра расидааст.

Барчасп