Ислоҳи қонуни фаъолияти вакилони мудофеъи ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i46009-Ислоҳи_қонуни_фаъолияти_вакилони_мудофеъи_ҳуқуқӣ_дар_Тоҷикистон
Камбуди вакилони мудофеъи ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон ҳукумати ин кишварро водор кардааст,ки барои ислоҳи қонуни фаъолияти ин гурӯҳ иқдом ва заминаи ҷазби теъдоди бештаре аз ин афродро фароҳам кунад.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Август 19, 2019 04:43 Asia/Dushanbe
  • Ислоҳи қонуни фаъолияти вакилони мудофеъи ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон

Камбуди вакилони мудофеъи ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон ҳукумати ин кишварро водор кардааст,ки барои ислоҳи қонуни фаъолияти ин гурӯҳ иқдом ва заминаи ҷазби теъдоди бештаре аз ин афродро фароҳам кунад.

Ба нақл аз сомонаи Тоб Ти Ҷи, дар Тоҷикистон бо беш аз 9 миллион нафар ҷамъият танҳо 850 вакили мудофеъи ҳуқуқӣ ба иборате барои ҳар 11 ҳазор нафар 1 вакил фаъолият мекунад.

Ин шароит муҷиб шудааст,ки дар бархе аз ноҳияҳои Тоҷикистон ҳатто як вакили мудофеъи ҳуқуқӣ ҳам боқӣ намонад ва наздикони афроди боздоштшуда маҷбур мешаванд аз минтақаҳои дигари ин кишвар барои дифоъ аз ҳуқуқи фарзандонашон вакил бигиранд.

Дар соли 2014 мақомоти Тоҷикистон бо ислоҳи қонуни фаъолияти вакилони мудофеъ дар ин кишвар муҷавизи фаъолияти беш аз 3 ҳазор вакили мудофеъи ҳуқуқиро лағв карданд,ки имрӯз натиҷаи ногувори ин иқдом эҳсос мешавад.

Аксари афроде,ки муҷавизи фаъолияти онон ба унвони вакили мудофеъи ҳуқуқӣ лағв шуд, аз мунтақидони ҳукумати Тоҷикистон буданд,ки ин иқдом ҷанбаи сиёсӣ ба худ гирифт.

 Ҳамчунин дар бархе маворид ба далели камбуди вакилони мудофеъи ҳуқуқии ниҳодҳои интизомӣ аз афроди боздоштшуда ризоятномаи катбӣ мегиранд,ки ба хадамоти вакилони мудофеъ ниёз надоранд албатта ин мавзуъ муҷиби интиқоди шадиди Созмонҳои Дидабонии ҳуқуқи башарии байналмиллалӣ мешавад.

 Акнун интизор меравад бо ислоҳи қонуни вакилони мудофеъи ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон заминаи бозгашти дубораи теъдоди зиёде аз ин афрод ба хидмати ваколат фароҳам шавад.