Август 20, 2019 20:19 Asia/Dushanbe
  • Оғози бозгашти ҳоҷиёни тоҷикистонӣ ба Ватан

На​​хустин гурӯҳ аз ҳоҷиёни тоҷикистонӣ имрӯз ба Ватан бозгаштанд.

Ин хабарро Афшин Муқим, сухангӯи Кумитаи умури дини Тоҷикистон ба хабаргузории “Авесто” эълом карда ва афзудааст, ин гурӯҳ аз шаҳрвандони Тоҷикистон тавассути ҳавопаймои ширкати “Тоҷик эйр” аз шаҳри Мадина ба шаҳри Хуҷанд, маркази вилояти Суғд мунтақил шуданд.

Ба гуфтаи сухангӯи Кумитаи умури дини Тоҷикистон, имсол 5 ҳазор нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон мушриф ба сафари ҳаҷ шуданд. Аз ин теъдод ду нафар дар Арабистони Саудӣ ҷони худро аз даст доданд ва ҳамон ҷо ба хок супурда шуданд.

Соли гузашта 6 ҳазор тоҷикистонӣ дар маросими ҳаҷ ширкат кард. Аммо имсол ба иллати гаронии ҳазинаҳои сафар теъдоди камтаре озими сарзамини ваҳй шуданд.

 

Барчасп