Август 21, 2019 09:23 Asia/Dushanbe
  • Тасодуфи 18 коргари муҳоҷири тоҷик дар роҳи бозгашт аз Русия дар Узбакистон

18 коргари муҳоҷири тоҷик дар роҳи бозгашт аз Русия дар Узбакистон тасодуф карданд.

Минибуси ҳомили 18 коргари тоҷик, ки дар ҳоли бозгашт ба кишвари хеш аз Русия буданд, дар қаламрави вилояти Бухорои Узбакистон дучори ҳодиса шуда ва теъдоде аз ин афрод захмӣ ва ба бемористон мунтақил шуданд.

Ба нақл аз хабаргузории Спутник, Вазорати кишвари Узбакистон эълолм кардааст, ки ин теъдод аз коргарони муҳоҷири тоҷик ҳангоми бозгашт аз Русия бо минибусе, ки ронандаи он низ табааи Тоҷикистон буд, бар асари таркидадагии чархи мошин вожгун шуд.

Гуфта мешавад, ки се нафар аз афроди захмӣ ба бемористон мунтақил шуда ва ронандаву панҷ мусофири дигар сари пои дармон шуданд. Бақияи мусофирон ҳам дар меҳмонхонае дар шаҳри Газлии вилояти Бухоро искон дода шуда ва барои интиқоли онон ба Тоҷикистон дар ҷустуҷӯи василаи нақлия ҳастанд.