Афзоиши 27 дирамии арзиши доллар дар Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i46071-Афзоиши_27_дирамии_арзиши_доллар_дар_Тоҷикистон
Бонки миллии Тоҷикистон рӯзи сешанбе 20 август дар сомонаи расмии худ арзиши 1 доларро 9 сомониву 70 дирам таъин кард, ки як рӯз қабл ин шохис 9 сомониву 43 дирам буд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Август 21, 2019 08:34 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши 27 дирамии арзиши доллар дар Тоҷикистон

Бонки миллии Тоҷикистон рӯзи сешанбе 20 август дар сомонаи расмии худ арзиши 1 доларро 9 сомониву 70 дирам таъин кард, ки як рӯз қабл ин шохис 9 сомониву 43 дирам буд.

Ба нақл аз хабаргузории Tajik Te, Бонки миллии Тоҷикистон иллати ин иқдомро яксонсозии арзиши доллар унвон кардааст, ки дар бозори расмӣ ва ғайрирасмӣ тафовути зиёде доштааст.

Ба таври ҳамзамон дар бонкҳои тиҷории Эсхата ва Спитамен низ аз рӯзи 20 август арзиши 1 доллар 9 сомониву 70 дирам муқаррар шудааст.

Аз дидгоҳи Бонки миллии Тоҷикистон ин тафовут мӯҷиб шуда буд, ки муштариён барои хариди доллар ба бонкҳои тиҷорӣ камтар муроҷиа кунанд ва инак барномаи танзими бозори муомилоти арзӣ дар дастури кори ин ниҳод қарор гирифтааст.

Бо ин ҳол? Бонки миллии Тоҷикистон эътироф кардааст, ки дар ин кишвар камбуди доллар эҳсос мешавад.