Август 21, 2019 14:00 Asia/Dushanbe
  • Чин дар Тоҷикистон пойгоҳе барои муқобила бо таҳдиди террористӣ омода мекунад

Раҳбарии низомӣ-сиёсии Чин дар Тоҷикистон садде дар баробари вуруди террористҳо ба Чин омода мекунад.

Ба нақл аз Тасним, афзоиши муназзами теъдоди манёврҳо ва омӯзиши нерӯҳои вижаи нерӯҳои мусаллаҳи ҳар ду кишвар ва ҳамчунин ҳузури таҷҳизоти муштараки низомӣ бо Чин дар хоки Тоҷикистон аз шавоҳиди омода кардани пойгоҳе барои дафъи таҳдиди террористии хориҷӣ дар хоки ин Ҷумҳурии Осиёи Марказӣ мебошад.

Раҳбарии сиёсии Чин батадриҷ Тоҷикистонро ба самти вобастагии иқтисодӣ савқ медиҳад.

Бисёре аз шаҳрвандони тоҷик ба тозагӣ муттафиқ бар ин назаранд,ки ин кишвар ба таври физояндае ба Чин вобаста шудааст, то ҷое ки дагар наметавонад тасмимоти мустақили худро бигирад.

Бо ин ҳол Чин дар талош аст Тоҷикистонро на танҳо аз назари молӣ гирифтор кунад, балки аз роҳҳои сиёсӣ, дипломатӣ ва низомӣ-стратегӣ низ барои ин амр истифода мекунад.

 

Барчасп