Август 22, 2019 09:17 Asia/Dushanbe
  • Русия як шаҳрванди Тоҷикистонро ба кишвараш бозгардонд

додситонии вилояти Кургани Русия аз истирдоди як шаҳрванди 36 солаи Тоҷикистон ба кишвараш хабар дод.

Ба нақл аз хабаргузории Спутник, мақомоти додситонии вилояти Кургани Русия гуфтаанд, ки ин шаҳрванди  Тоҷикистон, ки аз се сол пеш барои иртикоби ҷинояти сангин дар кишвараш таҳти пайгарди қазоии байналмиллалӣ қарор дошт, ки дар соҳи апрели соли равон шиносоӣ, боздошт ва ба кишвар бозгардонда шуд.

Гуфта мешавад, ки ин шаҳрванди Тоҷикистон се сол пеш дар паи мушоҷираи лафзӣ фардеро ба шиддат бо зарбаҳои мушт захмӣ карда ва аз Тоҷикистон ба Русия фирорӣ шуда буд, ки бо талоши полиси ин кишвар шиносоӣ ва боздошт шудааст.

Бо бозгардондани вай ба Тоҷикистон заминаи муҳокима барои иртикоби ҷинояте, ки се сол пеш муртакиб шуда буд фароҳам шудааст.