Дидори раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо дабири кулли Созмони ЭКО дар шаҳри Гулистон
(last modified Thu, 22 Aug 2019 04:25:15 GMT )
Август 22, 2019 09:25 Asia/Dushanbe
  • Дидори раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо дабири кулли Созмони ЭКО дар шаҳри Гулистон

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо дабири кулли Созмони ЭКО дар шаҳри Гулистон дидор кард.

Ба нақл аз хабаргузории давлатии Ховар, дар дидори Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳодии Сулаймонпур роҷеъ ба ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Созмони ЭКО дар бахшҳои мухталиф баҳс ва табодули назар шуд.

Тарафҳо дар ин дидор ҳамчунин тарҳҳои минтақаии рушди ҳамкориҳо дар бахшҳои иқтисод ва тиҷорат, ҳамлу нақл ва транзит, саноат ва энержӣ, кишоварзӣ, ҳифзи муҳити зист ва гардишгариро дар чорчуби Созмони ЭКО баррасӣ карданд. Дар ин дидор дар бораи вазъияти феълии Афғонистон ва талоши кишварҳои минтақа барои барқарории сулҳу амният дар ин кишвар баҳс ва табодули назар шуд.

Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳодии Сулаймонпур бар зарурати рафъи монеаҳои ҳамкории кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои минтақаии иқтисодии ЭКО ва осонсозии раванди ҳамлу нақл ва транзити коло миёни кишварҳои минтақа таъкид карданд.