Тавофуқномаи Душанбе ва Кобул дар ҳолатҳои фавқулода
Мақомоти Душанбе ва Кобул барои кӯмак ба ҳамдигар дар ҳолатҳои фавқулода тавофуқнома имзо карданд.
Тоҷикистон ва Афғонистон барои кӯмак ба якдигар дар рафъи ҳаводиси ношӣ аз ҳолатҳои фавқулода, монанди заминларза ё сел тавофуқ карданд.
Ин санад ин имконро медиҳад, ки имдодгарони тоҷик ва афғон дар мнтақаҳои ҳодисадидаи ду кишвар ҳозир шаванд.
Ба нақл аз ИРНА, генерал Рустам Назарзода, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон ба расонаҳои маҳаллӣ гуфт: Бар асоси ин тавофуқнома имдодгарони тоҷик метавонанд танҳо ба манотиқи ҳодисадидае раванд, ки зери назорати сохторҳои давлатии Афғонистон аст.
Афғонистон ва Тоҷикистон 1400 километр марзи муштарак доранд.
Ҳодисаҳои табиӣ дар минтақаҳои сарҳадии яке аз ин кишварҳо метавонад ба дигарӣ таъсир расонад. Аз ҷумла тобистони соли 2017 бурӯзи сел аз сӯи Афғонистон маҷрои рӯдхонаи Панҷро баст ва ҳаракат дар бузургроҳи Душанде-Кӯлоб-Дарвоз-Хоруғ дар Тоҷикистонро барои чанд ҳафта бо мушкил рӯбарӯ намуд.