Август 25, 2019 11:32 Asia/Dushanbe
  • Тардиди коршиносон дар бораи иҷроӣ шудани ташаббуси нави Бонки милли Тоҷикистон

Коршиносон ва таҳлилгарони умури иқтисодӣ ба ташаббуси нави Бонки миллии Тоҷикистон мабнӣ бар илзомӣ шудани сипурдагузории ниҳодҳои молии Русия, ки даромади молии коргарони муҳоҷири тоҷикро ба кишварашон мунтақил мекунанд ба дидаи шубҳа ва тардид нигоҳ мекунанд.

Ба нақл аз хабаргузории Азия-Плюз, Фирз Султонов иқтисоддони тоҷик гуфтааст бори сангини ин тасмими Бонки миллии Тоҷикистон бар души коргарони муҳоҷири тоҷик дар Русия ниҳода хоҳад шуд, ки маҷбур мешаванд барои интиқоли даромади молии хеш ба кишварашон суди бештаре ба бонкҳо пардохт кунанд. Аммо ин ки мехоҳанд ин тарҳро аз аввали моҳи сентябри соли равон иҷроӣ кунанд ба далели печидагии низоми молӣ ва бонкӣ ин амр амалан ғайримумкин мебошад.

Ҳамчунин Нур Сафаров иқтисоддони тоҷик муътақид аст ин тарҳ барои иҷроӣ шудан ба замони зиёд ва ҳамоҳангӣ миёни бонкҳои Русия ва Тоҷикистон ниёз дорад, ки кори осоне нахоҳад буд.

Аз сӯи дигар Аднрей ** коршиноси масоили Тоҷикистон дар Русия мегуяд барои иҷроӣ шудани барномаи рушди роҳбурдии Тоҷикистон то соли 2030 ин кишвар солона ба 8 миллард доллар ниёз дорад, ки ду баробари будҷети феълии ҳукумати ин ҷумҳурӣ мебошад. Аз ин ру Бонки миллии Тоҷикистон мехоҳад, ки раванди интиқоли даромади ирсолии коргарони муҳоҷир аз Русияро таҳти назар бигирад, ки то ба ҳол аз тариқи муассисоти мухталифи молӣ анҷом мешуд. Бо ин ҳол дар Тоҷикистон ба далели камбуди арз мо шоҳиди афзоиши қурби доллар таи рӯзҳои ахир будем, ки нишон медиҳад вазъияти иқтисодии ин кишвар бо буҳрони ҷиддӣ ру ба ру аст.

Бонки миллии Тоҷикистон эълом кардааст бояд бонкҳо ва марокизи молии хориҷӣ ба вижа Русия, ки даромади молии коргарони  муҳоҷири тоҷикро ба кишварашон мунтақил мекунанд маблағи 100 миллион доллар ба унвони амонат дар Бонки миллии Тоҷикистон сипурдагузорӣ кунанд ва пас аз дарёфти ин маблағ Душанбе ба онон иҷозатномаи интиқоли пули коргарони муҳоҷирро хоҳад дод.