Август 25, 2019 20:16 Asia/Dushanbe
  • Равобити иқтисодии Эрон ва Тоҷикистон афзоиш меёбад

Сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии исломии Эрон гуфт, ки мизони равобити иқтисодии ду кишвар афзоиш меёбад.

Низомиддин Шамсиддинзода Зоҳидӣ дар ҷараёни боздиди ҷамъе аз сафирон ва ройзанони иқтисодии сафоратхонаҳои хориҷии муқими Эрон аз муҷтамаи кишту саноати Фадак Зарандия дар гуфтугӯ бо хабарнигорон изҳор кард: Боздид аз дастовардҳо ва тавонмандиҳои иқтисодии ин шаҳристон дар ҳавзаи саноат ва кишоварзӣ аз муҳимтарин аҳдофи ин сафар аст, ки нишон аз тавони болои Ҷумҳурии исломии Эрон аст.

Вай ба дастовардҳои матлуби Эрон дар ҳавзаи иқтисодӣ ишора кард ва афзуд: Алорағми таҳримҳои золимонае, ки зидди Ҷумҳурии исломии Эрон эъмол шудааст, шоҳиди дастовардҳои хуби Эрон дар ҳавзаҳои иқтисодӣ, бавижа саноат ва кишоварзӣ будем.

Сафири Тоҷикистон ба улгубардорӣ аз Ҷумҳурии исломии Эрон дар тавонмандиҳои иқтисодӣ ишора карду гуфт: Дастовардҳои Ҷумҳурии исломии Эрон дар ҳавзаи иқтисодӣ омӯхтанӣ аст ва бистари тақвияти муносиботи иқтисодӣ ва равобити тиҷории байни ду кишвар фароҳам шудааст.

Вай тасреҳ кард: Бо пешниҳоди раисҷумҳури Тоҷикистон саноатӣ шудани кишвар ба унвони ҳадафи чоруми миллӣ дар дастури кор аст ва ба Ҷумҳурии Тоҷикистон эълом шудааст, ки заминаи бисёр хубе барои тақвияти ҳамкориҳои байни шаҳракҳои саноатӣ ва муҷтамаъҳои кишоварзӣ  байни ду кишвар вуҷуд дорад.

 

Барчасп