Август 27, 2019 09:55 Asia/Dushanbe
  • Ихтисоси 80 миллион сомонӣ барои интихоботи парлумонӣ ва раёсатҷумҳурии Тоҷикистон

Манобеи ҳукуматӣ дар Тоҷикистон эълом кардаанд, ки дар тарҳи будҷети давлати ин кишвар барои соли 2020 ба манзури таъмини ҳазинаи молии баргузории интихоботи парлумонӣ ва раёсатҷумҳурӣ маблағи 80 миллион сомонӣ ихтисос хоҳад ёфт.

Ба нақл аз сайти Тоҷ-Вик, мақомоти ҳукуматӣ пешниҳод карданд, ки дар тарҳи қонуни будҷети давлати Тоҷикистон барои соли 2020 маблағи 80 миллион сомонӣ ба манзури таъмини ҳазинаи молии баргузории интихоботи парлумонӣ ва раёсатҷумҳурӣ дар назар гирифта шавад.

Интихоботи маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар моҳи марти соли 2020 ва раёсатҷумҳурии ин кишвар дар моҳи ноябри ҳамон сол баргузор хоҳад шуд.

Интизор меравад, ки Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар моҳи декабри соли равон таърихи баргузории интихоботи маҷлиси намояндагони кишварашро эълом кунад.

Интихоботи маҷлсии намояндагон ҳамзамон бо интихоботи шуроҳои маҳаллии вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳои Тоҷикистон дар моҳи марти соли 2020 баргузор хоҳад шуд.

Давраи фаолияти намояндагони маҷлиси қонунгузории Тоҷикистон 5 сол ва раёсат ҷумҳурии ин кишвар 7 сол аст, ки дар баҳору тирамоҳи соли 2020 баргузор мешавад.

Барчасп