Август 29, 2019 11:46 Asia/Dushanbe
  • Бузургмеҳр Ёров номзади дарёфти ҷоизаи Васлав Ҳавел

Вакили саршиноси зиндонии тоҷик номзади дарёфти ҷоизаи ҳуқуқи башарии Васлав Ҳавел шуд .

Ба нақл аз сомонаи Ахбор, маблағи ин ҷоиза, ки дар соли 2013 ба поси хадамоти Васлав Ҳавел сиёсатмадор ва нависандаи Ҷех барои дифоъ аз ҳуқуқи башар аз сӯи маҷмаи парлумонии Шурои Аврупо таъсис шудааст 60 ҳазор евра аст.

Гуфта мешаавад, ки ҷой додани номи Бузургмеҳр Ёров дар рӯйхатти 3 номзади ин ҷоиза барои хадамоти беш аз 20 солаи вай дар роҳи дифоъ аз ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон аст, ки акнун ба 28 сол зиндон маҳкум шудааст.

Бузургмеҳр Ёров моҳи сентябри соли 2015 пас аз қабули дифоъ аз ҳуқуқи аъзои боздоштшудаи Ҳизби мамнуаи Наҳзати исломии Тоҷикистон ва таъсиси Кумитаи дифоъ дар ин замина боздошт шуд ва таи се ҷаласа додгоҳ дар маҷмуъ ба 28 сол зиндон маҳкум шуд. Додгоҳи шаҳри Душанбе октябри соли 2016 вайро бар асоси 5-и моддаи Қонуни асосии кишвар даъвати умумӣ барои барандозии ҳукумат, барангехтани кина ва душманӣ, даъват ба ифротгароӣ ба 23 сол зиндон бо мусодираи милку амволаш маҳкум кард. Дар марти соли 2017 ба иттиҳоми таҳқири намояндагони додгоҳ ва додситонӣ ду сол ба ҳабси Ёров низ изофа шуд.

Вай дар августи соли 2017 ба иттиҳоми таҳқиқри раиси ҷумҳур, ба се сол ҳабси дигар маҳкум шуд.

Барчасп