Болотарин ва поинтарин ҳуқуқ ва дастмузди пардохтӣ дар Тоҷикистон
Бар асоси эъломи Ожонси давлатии омори Тоҷикистон болотарин мизони ҳуқуқ ва дастмузди моҳона ба кормандони Бонкҳо ва поинтарини он ба кишоварзон пардохт мешавад.
Ба нақл аз сомонаи Ожонси давлатии омори Тоҷикистон,таи ҳафт моҳи соли ҷорӣ кормандони Бонкҳо ва ниҳодҳои молӣ бо 3 ҳазору 338 сомони ( муодили 344 доллар ) болотарин ҳуқуқи моҳонаро дарёфт мекунанд.
Аммо кишоварзон, муҳитбонон ва коргарони бахши шилот моҳиёна 523 сомонӣ 9 наздик ба 53 доллар ) ҳуқуқ дарёфт мекунанд,ки поинтарин мизони ҳуқуқ ва дастмузд дар Тоҷикистон ба ҳисоб меояд.
Ҳуқуқи моҳиёнаи коргарони бахши маъдан 2 ҳазору ва 700 сомонӣ, сохтмонсозӣ 2 ҳазору 200 сомонӣ ва энержӣ ва об 1 ҳазору 900 сомониро ташкил медиҳад. Бар асоси ин гузориш тавассути ҳуқуқи миҳиёна дар Тоҷикистон 1 ҳазору 494 сомонӣ мебошад.
Аммо мизони ҳадди ақали ҳуқуқ ва дастмузди моҳиёна дар ин кишвар 400 сомонӣ эълом шудааст.