Сентябр 01, 2019 10:02 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон бо манобеи  молии дохилӣ Роғунро такмил кунад

Коршиноси масоили Осиёи Марказӣ дар Русия муътақид аст, ки ҳукумати Тоҷикистон метавонад бидуни кумаки ниҳодҳои молии байналмиллалии раванди сохти нерӯгоҳи барқ обии Роғунро бо манобеи миллии дохилӣ такмил кунад.

Ба нақл аз хабаргузории Спутник, Димитрӣ Попов бо ишора ба тасмими ҳукумати Тоҷикистон мабнӣ бар ихтисоси 4 миллиарду 100 миллион сомонӣ дар будҷети соли 2020 барои идомаи сохти Роғун гуфтааст, ки ин талош нишон медиҳад Душанбе қасд дорад ин нерӯгоҳро бо манобеи молии дохилӣ бисозад.

Вай афзуд, ниҳодҳои молии байналмиллалӣ ба ин баҳона, ки қарзи хориҷии Тоҷикистон дар ҳафт моҳи гузашта ба 2 миллиарду 900 миллион доллар расидааст аз ҳукумати ин кишвар мехоҳанд, ки аз дарёфти вомҳои бештар худдорӣ кунад, аммо ҳукумати Тоҷикистон метавонад бахши дуввуми саҳоми нерӯгоҳи барқ обии Роғунро дар бозорҳои байналмиллалӣ арза кунад.

Димитрӣ Попов гуфт, пахши нахусти ин саҳом, ки дар соли 2017 арза шуда буд аз сӯи сармоягузорони аврупоӣ, амрикоӣ ва  осиёӣ харидорӣ ва барои баҳрабардорӣ аз турбини нахусти ин нерӯгоҳ ва сохти садди он ҳазина шуд.

Ҳукумати Тоҷикистон барои идомаи сохти нерӯгоҳи барқ обии Роғун дар тарҳи будҷети давлати ин кишвар дар соли 2021 панҷ миллиард сомонӣ ва дар соли 2022 беш аз шаш миллиард сомонӣ манобеи молӣ дар назар гирифтааст.

 

Барчасп