Бозори фаровардаҳои нафтии Тоҷикистон; луқмае дар даҳони Чин
Бархе коршиносон муътақиданд,ки бо оғози баҳрабардорӣ аз нахустин полоишгоҳи нафти Тоҷикистон дар минтақаи озоди иқтисодии Данғара, Чин бозори сухти ин кишварро дар даст мегирад.
Ба нақл аз сомонаи Тоб Ти Ҷи, пеш аз ин расонаҳои мустақил хабаре эълом карда буданд,ки 90 дар сади саҳоми моллии ин полоишгоҳ мутаалиқ ба ширкати чинии
CNPC Сиенписи ва молики 10 дар сади он ширкати тоҷикистонӣ Ҳасан ва шарико аст ва ба эҳтимоли зиёд Чин ҷои ширкати русии Газпромро дар бозори фаровардаҳои нафтии Тоҷикистон хоҳад гирифт.
Қарор буд нахустин полоишгоҳи нафти Тоҷикистон дар соли 2016 ба баҳрабардорӣ расид,ки ба далелҳои мухталиф ин кор ба таъвиқ афтодааст.
Акнун сохти махзани ҳифозати нафти хом дар ин полоишгоҳ идома дорад ва бояд нафти мавриди ниёзи ин корхона аз Қазоқистон таъмин шавад.
Ҳамакнун як миллион тон фаровардаҳои нафтии мавриди ниёзи Тоҷикистон аз ҳисоби воридот аз Русия бепардохти аворизи гумрукӣ таъмин мешавад.
Гуфта мешавад,ки дар соли 2018 Тоҷикистон 440 ҳазор тон фаровардаҳои нафтӣ ба арзиши 310 миллион ва 800 ҳазор доллар ворид карда,ки нишон медиҳад гардиши молии бозори сухти ин кишвар дар муқоиса бо дигар бахшҳои иқтисоди ин ҷумҳурӣ ба маротиб бештар аст.
Аз ин рӯ бархе коршиносон муддаъӣ ҳастанд,ки бо баҳрабардорӣ аз нахустин полоишгоҳи нафти Тоҷикистон дар минтақаи Озоди иқтисодии Данғара, ин бозори пурсудро ширкатҳои чинӣ дар даст хоҳанд гирифт.