Сентябр 02, 2019 11:13 Asia/Dushanbe
  • Таъкид бар зарурати густариши робитаҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон

Сафири Қирғизистон дар Душанбе бар зурурати густариши робитаҳо бо кишвараш бо Тоҷикистон таъкид кард.

Ба нқл аз хабаргузории Авесто, Жениш Рустамбеков дар мусоҳибаи ихтисосӣ бо ин хабаргузорӣ ба муносибати бисту ҳаштумин солгарди истиқлоли Қирғизистон  густариши робитаҳои ҳамавонибаро хостор шуд.

Вай аз таъсиси шӯрои ҳамоҳангии  байни давлатии, шӯрои вазирони умури хориҷаи ду кишвар ва камисиюни муштараки аломатгузории марзӣ барои густариши робитаҳои дуҷониба миёни Қирғизистон ва Тоҷикистон хабар дод.

Сафири Бишкек дар Душанбе афзуд; Қирғизистон ва Тоҷикистон дар чорчуби барномаи ҳамкориҳои Ҷомиъаи Ҳамсуд, Созмони паймони амнияти ҷамъӣ ва Созмони ҳамкориҳои Шангхай барои ҳифзи субот ва амният дар минтақаи Осиёи Марказӣ талош мекунанд.

Рустамбеков гуфт; ин ду кишвар дар шароити мушобеҳи ҷуғрофиёӣ воқеъ шудаанд,ки иқтизо мекунад робитаҳои иқтисодӣ ва тиҷорӣ, ҳамл ва нақл,об ва энержии дуҷонибаро ҳамоҳанг густариш диҳанд.

Ба гуфтаи ин мақоми қирғиз, то ба имрӯз камисиюни муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷории Қирғизистон ва Тоҷикистон 16 нишаст баргузор кардааст,ки заминаи тавсиъаи ҳамкориҳо дар бахшҳои мухталифро фароҳам мекунад.

Сафири Қирғизистон дар Душанбе ибрози умедворӣ кардааст,ки камисиюни муштараки аломатгузории марзии ду кишвар, раванди таъйини хатҳои марзиро шитоб бахшад.

Нахустин ёддошти тафоҳуми сиёсӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон барои барқарории робитаҳои расмӣ дипламатӣ дар 14 анвари соли 1993 ба имзо расид ва сафорати Қирғизистон дар Душанбе дар соли 1997 кушоиш ёфт. Тоҷикистон ҳам сафорати худ дар Бишкекро дар соли 2002 ифтитоҳ кард.

Барчасп