Рафъи филтер шудани сомонаи интернетии Азия-Плюз дар Русия
(last modified Tue, 03 Sep 2019 04:11:51 GMT )
Сентябр 03, 2019 09:11 Asia/Dushanbe
  • Рафъи филтер шудани сомонаи интернетии Азия-Плюз дар Русия

Сомонаи интернетии Азия-Плюз дар Русия рафъи филтер шуд.

Ба нақл аз сомонаи Фарғона, Хадамоти федерали назорат бар сомонаҳои интернетии ҳукумати Тоҷикистон номи хабаргузории тоҷикистонии Азия-Плюз-ро аз рӯйхатти сомонаҳои филтершуда ҳазф кард.

Дар авохири моҳи июни соли равон Хадамоти федерали назорат бар сомонаҳои интернетии ҳукумати Русия номи хабаргузории тоҷикистонии Азия-Плюз-ро дар рӯйхатти сомонаҳое қарор дода буд, ки фаолияташон дар қаламрави Русия ва Ҷомеаи Ҳамсуд мамнуъ аст.

Бо ин ҳол мудирияти сомонаи Азия-Плюз бо таиди пазириши дархости ин хабаргузорӣ мабнӣ бар ҳазфи номи он аз сомонаҳои фаолияташ мамнуъ дар Русия аз сӯи мақомоти Маскав гуфт, ки ҳануз ҳам дастрасӣ ба сомонаи Азия-Плюз дар Тоҷикистон ғайри мумкин аст.

Пеш аз ин низ Зебо Тоҷибоева сардабири хабаргузории Азия-Плюз таид карда буд, ки дар рӯзи 26 июни соли равон пас аз интишори хабари худкушии як зан дар шаҳри Хуҷанд Хадамоти федерали назорат бар сомонаҳои интернетии ҳукумати Русия бо ирсоли номаи расмӣ аз мамнуъ шудани фаолияти ин хабаргузорӣ дар қаламрави Русия иттилоъ дода буд, зеро русҳо иддао мекарданд, ки интишори ин хабар таблиғи худкушӣ ба ҳисоб меояд.

Хабаргузории мустақили Азия-Плюз яке аз пур боздидтарин сомонаҳои хабарии русизабон дар Тоҷикистон ва минтақа ба ҳисоб меояд, ки саҳифаи тоҷикӣ низ дорад ва қаблан борҳо дар дохили ин кишвар низ филтер шуда буд.

Ин хабаргузорӣ аз соли 1996 ба унвони нахустин сомонаи мустақили хабарӣ дар Тоҷикистон фаолият мекунад.