Сентябр 03, 2019 09:16 Asia/Dushanbe
  • Беш аз 38 миллион сомонӣ маоши ба таъхир афтода дар Тоҷикистон

Ҳаҷми маошҳои ба таъхир афтода дар Тоҷикистон ба беш аз 38 миллион сомонӣ расид.

Ҳаҷми маошҳои ба таъхир афтода дар Тоҷикистон тайи шаш моҳи нахусти соли ҷорӣ ба беш аз 38 миллион сомонӣ ( наздик ба 3 миллиону 900 ҳазор доллар) расид.

 Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Авесто, Ожонси давлатии омори Тоҷикистон эълом кардааст, ки танҳо тайи ҳашт моҳи соли ҷорӣ мизони таъхир дар пардохти маош ва нафақа  дар  ин кишвар ба маблағи беш аз 10 миллион сомонӣ ( муодили 1 миллион доллар) афзоиш ёфтааст.

Гуфта мешавад, ки ин таъхир аз ҳама бештар дар миёни коргарони конҳо ва сохтмонҳо аст, ки ба 1 миллиону 300 ҳазор доллар расидааст.

Ҳамчунин дар бахшҳои саноъат, кишоварзӣ, ҷангалбонӣ ва моҳипарварӣ мизони таъхир дар пардохт беш аз 8 миллион сомонӣ аст.

Ин дар ҳоле аст, ки дар соли 2018 мизони қарзи корхонаҳо ва марказҳои истеҳсолии Тоҷикистон ба 4 миллиарду 800 миллион доллар расида буд, ки ду баробари буҷаи ҳукумати ин кишвар аст,зеро мизони умумии буҷаи ҳукумати Тоҷикистон дар соли 2018 , 2 миллиарду 200 миллион доллар эълом шуда буд.

 Аз суи дигар тибқи эъломи Ожонси давлатии омори Тоҷикистон, тайи ҳафт моҳи соли ҷорӣ кормандони банкҳо ва ниҳодҳои молӣ бо 3 ҳазору 338 сомонӣ ( муодили 344 доллар) болотарин моҳонаро дарёфт мекунанд ,аммо кишоварзон, ҷангалбонон ва моҳипарварон 523 сомонӣ ( наздик ба 53 доллар) моҳона дарёфт мекунанд, ки поинтарин рақами маош дар Тоҷикистон ба ҳисоб меояд. Маоши коргарони конҳо 2 ҳазору 700 сомонӣ, сохтмон 2 ҳазору 200 сомонӣ ва энержӣ ва об 1 ҳазору 900 сомонӣ аст. Бар асоси ин гузориш маоши миёна дар Тоҷикистон 1 ҳазору 494 сомонӣ эълом шудааст.

 

Барчасп