Саҳми 40 дарсадии маҳсулоти маъданӣ дар сабади содиротии тоҷикҳо
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i46428-Саҳми_40_дарсадии_маҳсулоти_маъданӣ_дар_сабади_содиротии_тоҷикҳо
Вазорати тавсеаи иқтисодӣ ва тиҷорати Тоҷикистон саҳми маҳсулоти маъданӣ дар кулли содироти колоҳои аслии ин кишвар ба хориҷро 40 дарсад эълом кард.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Сентябр 03, 2019 12:13 Asia/Dushanbe
  • Саҳми 40 дарсадии маҳсулоти маъданӣ дар сабади содиротии тоҷикҳо

Вазорати тавсеаи иқтисодӣ ва тиҷорати Тоҷикистон саҳми маҳсулоти маъданӣ дар кулли содироти колоҳои аслии ин кишвар ба хориҷро 40 дарсад эълом кард.

Ба нақл аз Форс, саҳми маҳсулоти маъданӣ дар кулли содироти колоҳои аслии  Тоҷикистон таи 7 моҳи соли равон беш аз 40 дарсад баровард шудааст.

Бино бар ин гузориши Вазорати тавсеаи иқтисодӣ ва тиҷорати Тоҷикистон, ҳаҷми куллии содироти маҳсулоти маъданӣ дар моҳҳои июн то июли соли равон беш аз 256.6 миллион долларро буда, ки дар муқоиса бо замони мушобеҳи соли гузашта 20.4 дарсад камтар аст.

Рӯйхатти маҳсулоти маъдании содиротии Тоҷикистон ҳамчунин шомили энержии барқ ва симонт аст. Мизони содироти барқ низ таи ин муддат беш аз 58 миллион доллар ва симонт 41.3 миллион доллар будааст.

Бар асоси гузориши Вазорати тавсеаи иқтисодӣ ва тиҷорати Тоҷикистон, саҳми маводи нассоҷӣ ва маҳсулоти омода шуда аз он низ қобили таваҷҷуҳ буда ва 14.9 дарсад аз ҳаҷми куллии содироти маҳсулоти маъданиро ташкил додааст.

Ҳаҷми куллии содироти маводи нассоҷӣ ва маҳсулоти омода шуда аз он дар ҳафт моҳи соли равон беш аз 95.6  миллион доллар баровард шуда, ки дар муқоиса бо замони мушобеҳи  соли гузашта 29.8 дарсад камтар аст. Беш аз 59.8 миллион доллар аз ин маблағ бо содироти пахта муртабит мебошад, ки ҳамчунин таи ин муддат дар муқоиса бо моҳҳои июн то июли соли гузашта 39.3 дарсад коҳиш ёфтааст.