Сентябр 03, 2019 12:40 Asia/Dushanbe
  • Даъвати сафири Эрон аз мардуми кишвараш барои сафар ба Тоҷикистон +akc

Сафири Ҷумҳурии исломии Эрон ба ҳамроҳии шуморе аз сафирони кишварҳои хориҷии муқими Тоҷикистон аз шаҳристони Данғара, Балҷувон ва Ховалинги ин кишвар боздид кард.

Ба нақл аз Ховар, Муҳаммадтақии Собирӣ, сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар ҷараёни ин бозид гуфт, ман пеш аз ин низ дар бораи меҳмоннавозии тоҷикон шунида будам, аммо меҳмоннавозии беш аз ҳади сокинони ин 3 шаҳристонро аз наздик мушоҳида кардам. Ин барои ман мояи сарфарозӣ буд ва фикр мекардам, ки дар ватани хеш ҳастам.

Муҳаммадтақии Собирӣ дар идома афзуд, ман аз ҳамватанонам дар Эрон даъват мекунам ҳатман ба кишвари ҳамзабони мо Тоҷикистон сафар ва аз зебоиҳои ин кишвар баҳраманд шаванд.

Дар ин барнома ҳамроҳ бо Муҳаммадтақии Собирӣ сафирони кишварҳои Афғонистон, Британия, Ҳинд, Қатар, Қазоқистон, Қирғизистон ва бархе кишварҳои дигар ҳузур доштанд.

Ҳадафи аслии боздиди сафирони хориҷӣ аз ин шаҳристонҳо ошноӣ бо ҷозибаҳои таърихӣ, мазҳабӣ ва гардишгарии минтақаҳои ҷанубии Тоҷикистон унвон шудааст.

Солҳои 2019-2021 дар Тоҷикистон аз сӯи Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳури ин кишвар ба унвони солҳои рушди рустоҳо, гардишгарӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълом шудааст.