Сентябр 04, 2019 10:25 Asia/Dushanbe
  • Ҷанҷоли тоза дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон

Марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон боз ҳам саҳнаи даргирии марзнишинон буд.

Иқбол Илёсзода, сухангӯи фармондории шаҳристони Исфара ба расонаҳо гуфтааст, ки дар паи ҷилавгирии сокинони рустои Хоҷааълои Тоҷикистон аз иқдоми рустоиёни Уртабози Қирғизистон дар таъсиси бозоро ва фурӯшгоҳ муноқишаи тозае дар ин минтақа рух додааст.

Сокинони рустои Хоҷааъло дар шаҳристони Исфара дирӯз ба далели ин, ки маҳалли мавриди назари сокинони рустои Уртабоз барои таъсиси бозор ва фурӯшгоҳ дар минтақаи мавриди ихтилофи марзӣ воқеъ шуда буд, монеи ин иқдоми шаҳрвандони кишвари ҳамсоя шуданд.

Ҳанӯз мақомоти марказии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар бораи муноқишаи ҷадиди марзӣ байни рустоҳои Хоҷааъло ва Уртабоз изҳори назар накардаанд.

Дар даҳ рӯзи ахир ин чорумин маврид аз ҷанҷоли сокинони рустоҳои марзии Тоҷикистон ва Қирғизистон аст.

Дар яке аз ин маворид, Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар изҳороти расмӣ тарафи Қирғизистонро ба иғвогарӣ ва моҷароҷӯӣ дар хатти марзии ду кишвар муттаҳам кард.

 

 

Барчасп