Дастури Раҳмон барои коҳиши кормандони Ожонси давлатии мубориза бо фасоди молӣ
(last modified Thu, 05 Sep 2019 04:19:57 GMT )
Сентябр 05, 2019 09:19 Asia/Dushanbe
  • Дастури Раҳмон барои коҳиши кормандони Ожонси давлатии мубориза бо фасоди молӣ

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон фармони коҳиши теъдоди кормандони Ожонси давлатии мубориза бо фасоди молии ин кишварро имзо кард.

Ба гузориши хабаргузории “Спутник”, Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, теъдоди кормандони дафтари марказии Ожонси давлатии мубориза бо фасоди молии ин кишвар аз 222 нафари феълӣ ба 209 нафар коҳиш дода шавад.

Теъдоди умумии кормандони Ожонси давлатии мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон 479 нафар аст, ки акнун 209 нафар аз ин афрод дар дафтари марказии ин ниҳод фаъолият хоҳанд кард.

Ин ниҳод бо фармони раисҷумҳури Тоҷикистон аз моҳи январи соли 2007 фаъолияти худро оғоз кард, ки дар он замон теъдоди кормандонаш 587 нафарбуд, аммо Эмомалӣ Раҳмон чанде қабл аз фаъолияти ин ниҳод ба шиддат интиқод карда буд. Вай гуфта буд, ки теъдоде аз кормандони Ожонси давлатии мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон худашон ба ришвахорӣ ва тавофуқҳои махфӣ бо масъулони корхонаҳо ва марокизи тавлидӣ даст доранд ва ба баҳонаи таҳқиқу тафтиш аз ин воҳидҳо зӯргирӣ ва судҷӯӣ мекунанд.

Раисҷумҳури Тоҷикистон таҳдид карда буд, агар мудирияти Ожонси давлатии мубориза бо фасоди молии ин кишвар барои беҳбуди фаъолиятҳо ва гузиниши кадрҳои шоиста иқдом накунад, маҷбур мешавад дастури барҳам задани ин ниҳодро имзо кунад.