Тоҷикистон дар интизори баргузории бистуҳаштумин солгарди истиқлол
Ба муносибати бистуҳаштумин ҷашни истиқлоли Тоҷикистон садҳо нерӯи полис ва ҳазорон донишҷӯ барои ҳифзи амният ва ширкат дар барномаҳои мухталифи ин ҷашн, дар ҳоли омода шудан ҳастанд.
Ба гузориши ИРНА, сухангӯи Вазорати дохилии Тоҷикистон эълом кард, ки кормандони ин вазоратхона барои баргузории ин ҷашн талош мекунанд ва дар ниҳоят ҳадафи ҳама баргузории ин ҷашн ба беҳтарин наҳви мумкин аст.
Истиқлоли Тоҷикистон аз Шӯравии собиқ 28 сол пеш, дар рӯзи 9 –уми сентябри соли 1991 эълом шуд. Ҳамасола аз рӯзи 9 сентябр бо унвони рӯзи истиқлоли Тоҷикистон ёд карда ва онро ҷашн мегиранд.
Ҷашни истиқлол дар Тоҷикистон ҳарсола пуршукӯҳ баргузор мешавад, зеро аз назари мақомот ин як воқеаи бузург дар таърихи ин кишвар аст. Аз ин рӯ ҳар сол ба баҳонаи ин ҷашн мактабу корхонаҳое ба дасти шахси раисҷумҳурӣ ифтитоҳ мешавад. Имсол низ баргузории ин ҷашн бо маросими роҳандозии чархаи дувуми нерӯгоҳи азими обии “Роғун” ҳамзамон шудааст.
Ҳамасола барномаҳои мухталифе назири театр, сурудхонӣ бо ҳузури донишҷӯёни саросари кишвар, барои ин ҷашн тадорук дида мешавад. Дар ҳамин росто, давлати Тоҷикистон барномаҳои ҷашнҳои истиқлолро эълом кард. Ин барномаҳо тайи 5 рӯз аз 8 то 12 сентябр (17 то 21 шаҳривар) дар саросари Тоҷикистон иҷро хоҳанд шуд.
Қарор аст рӯзи 9 сентябр ҳам, ки солрӯзи истиқлоли Тоҷикистон аст, маросими бошукӯҳ бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва дигар мақомоти олии кишвар ва меҳмонони хориҷӣ дар Роғун, маҳалли ифтитоҳи нерӯгоҳи азими обӣ баргузор шавад.