Афзоиши нархи орд дар Тоҷикистон барои панҷумин бор дар соли ҷорӣ
Нархи орд дар Тоҷикистон дар моҳи сентябр барои панҷумин бор тайи соли ҷорӣ афзоиш ёфт.
Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Фарғона, фурӯшандагони орд дар бозорҳои Тоҷикистон сабаби аслии афзоиши нархи ордро камбуди доллар ва гарон шудани ин маҳсул дар кишвари тавлидкунанда-Қазоқистон эълом мекунанд.
Нархи як халта орди 50 килоӣ, ки дар моҳи август дар бозорҳои Тоҷикистон 180 то 185 сомонӣ ( муодили 19 доллар) арзиш дошт, акнун дар манотиқи мухталифи ин кишвар ба нархи 205 то 210 сомонӣ ( муодили 21 доллар) эълом шудааст.
Аксари воридкунандагон ва фурушандагони орд дар Тоҷикистон мегӯянд, ки камбуди доллар дар бозори муъомилоти арзии Тоҷикистон ва афзоиши он дар моҳи сентябр аз як су ва гарон шудани нархи гандум дар кишвари тавлидкунанда-Қазоқистон ва боҷи гумрукӣ аз суи дигар, далели аслии афзоиши нархи орд ба ҳисоб меояд, зеро Қазоқистон аслитарин кишвари содиркунандаи гандум ба Тоҷикистон аст, ки ҳар навъ тағйири нархҳо дар ин кишвар, бозори Тоҷикистонро низ таҳти таъсир қарор хоҳад дод.
Тоҷикистон ҳамасола ба 2 миллион тон гандум ниёз дорад, ки 1 миллион тони он дар дохил тавлид ва 1миллион тони дигари ин маҳсули муҳимми ғизоӣ аз Қазоқистон ворид мешавад.