Сентябр 12, 2019 09:52 Asia/Dushanbe
  • Тафовути оморҳои эъломшуда иқтисодии Тоҷикистон бо омори ниҳодҳои молии байналмилалӣ

Оморҳои эъломшуда аз сӯйи Ҳукумати Тоҷикистон бо оморҳои эъломшуда аз сӯйи ниҳодҳои молии байналмилалӣ дар бораи мизони рушди солонаи иқтисоди Тоҷикистон мутафовит аст.

Ба гузориши сомонаи “Авесто”, Ҳукумати Тоҷикистон барои соли 2020 рушди иқтисоди ин кишварро 7 дарсад эълом кардааст.

Ин дар ҳоле аст, ки Бонки Рушди Осиё барои соли 2020 рушди иқтисоди Тоҷикистонро 6,5 дарсад пешбинӣ кардааст.

Аз дидгоҳи коршиносони Бонки Рушди Осиё, вобастагии иқтисоди Тоҷикистон ба даромади ирсолии коргарони муҳоҷир, тавозуни манфии воридоту содироти маҳсулот ба нафъи воридот ва коҳиши сармоягузорӣ дар бахши хусусӣ аз ҷумлаи авомили таъсиргузор дар коҳиши рушди иқтисоди ин кишвар дар соли 2020 хоҳад буд.

Аз сӯи дигар, Сандуқи Байналмилалии Пул дар соли 2019 мизони рушди иқтисоди Тоҷикистонро 5 дарсад арзёбӣ карда буд. Акнун коршиносони ин сандуқ эълом кардаанд, ки рушди иқтисоди Тоҷикистон дар соли 2020 ба 4,5 дарсад хоҳад расид, аммо ниҳодҳои омори Ҳукумати Тоҷикистон эълом мекунанд, ки рушди 7 дарсадии иқтисоди ин кишвар дар соли 2020 идома хоҳад дошт.

 

Барчасп