Набуди кор - иллати афзоиши муҳоҷирати тоҷикон ба Русия
Мудири Маркази пажӯҳишии умури муҳоҷират дар Русия муътақид аст, иллати аслии афзоиши теъдоди коргарони муҳоҷири тоҷик дар Русия, набуди ҷойи кор барои ин афрод дар дохили Тоҷикистон мебошад.
Ба гузориши хабаргузории “Спутник”, Дмитрий Полетаев гуфтааст, ҳамасола ҳазорон нафар аз ҷавонон вориди бозори кори Тоҷикистон мешаванд, аммо ҳамаи онон наметавонанд шуғли мавриди алоқаи хеш бо маоши кофиро пайдо кунанд. Аз ин рӯ, ба далели ҳузури беш аз 1 миллион коргари муҳоҷири тоҷик дар Русия, ин афрод дар тамос бо наздикони хеш аз вазъи бозори кор дар Русия иттилоъ пайдо мекунанд ва роҳии ин кишвар мешаванд.
Ба гуфтаи ин коршинос, илова бар 1 миллиону 250 ҳазор нафар аз атбои Тоҷикистон, ки бо муҷаввизи расмӣ дар баҳори соли ҷорӣ дар Русия ба унвони коргари муҳоҷир фаъолият мекарданд, бояд теъдоди коргарони мавсимиро низ муҳосиба кард. Зеро коргарони мавсимӣ умдатан барои фаъолият дар бахшҳои сохтмонсозӣ ва кишоварзӣ ба Русия меоянд ва шаш моҳ фаъолият мекунанд ва бо оғози фасли сармо ба Тоҷикистон бармегарданд. Ин раванд ҳар баҳор такрор мешавад ва коргарони мавсимии тоҷик маҳалли кор худро медонанд.
Мақомоти Вазорати кор ва муҳоҷирати Тоҷикистон гуфтаанд, тайи моҳҳои январ то июли соли ҷорӣ беш аз 357 ҳазор нафар аз шаҳрвандони ин кишвар барои кор ба Русия рафтаанд, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл 27 дарсад афзоиш нишон медиҳад. Аммо расонаҳои Русия бо истинод ба гузориши Хадамоти федерали марзбонии ин кишвар, аз сафари 524 ҳазор нафар аз атбои Тоҷикистон ба Русия барои кор тайи шаш моҳи нахусти имсол хабар додаанд, ки бо омори тарафи Тоҷикистон ҳамхонӣ надорад. Тарафи Русия муътақид аст, ин омор саҳеҳ аст ва шаҳрвандони тоҷик ҳангоми убури марзи ин кишвар ҳадаф аз сафари худ ба Русияро “кор” унвон кардаанд.