Сентябр 12, 2019 17:58 Asia/Dushanbe
  • Суръат гирифтани раванди иҷрои тарҳҳои муштараки Тоҷикистон ва Беларус

Сафири Тоҷикистон дар Минск аз суръат гирифтани иҷрои проектҳои муштараки иқтисодии ин кишвар ва Беларус хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории Форс ,Муҳаммадшариф Ҳақдод зимни суханронӣ ба муносибати 28-умин солгарди Истиқлоли Тоҷикистон дар Минск ба тасреъи раванди иҷрои проектҳои муштараки иқтисодии ин кишвар ва Беларус ишора кард. Вай зимни ишора ба аҳаммияти тавсеаи равобити дуҷониба дар заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, омӯзишӣ ва фарҳангӣ гуфт, миёни мардуми ду кишвар таомули муассире дар ин заминаҳо барқарор шудааст.

Ҳақдод гуфт, равобите, ки байни раисони ҷумҳури ду кишвар барқарор шуда ба тавсеаи ҳамкорӣ дар тамомии ҷиҳот кумак мекунад. Вай дар идома бар аҳаммияти тавофуқоти бадаст омада дар сатҳи олӣ дар пайи сафарҳои мутақобили раисони ҷумҳури ду кишвар таъкид кард.

Ҳақдод афзуд, миёни Тоҷикистон ва Беларус пояи ҳуқуқии маҳкаме эҷод шуда, ки шомили беш аз 100 санади муштарак мебошад.

Сафири Тоҷикистон ҳамчунин ба тасреъи иртибототи тиҷорӣ ва иқтисодӣ, кори ширкатҳои муштарак дар заминаи монтожи таҷҳизоти белорусӣ дар хоки Тоҷикистон ишора кард.

Анатолий Хотко, вазири кишоварзии Беларус низ зимни суханонӣ дар ин маросим бо ишора ба фаъол шудани равобит миёни ду кишвар, иҷрои проектҳои иқтисодии бузург, эҷоди ширкатҳои муштарак ва сафарҳои мутақобилро баёнгари ин муҳим унвон кард.

 

Барчасп