Иртиботи афзоиши қимати орд дар Тоҷикистон бо ҳазинаҳои ҳамлу нақл
Афзоиши қимати орд дар Тоҷикистон бештар ба ҳазинаҳои ҳамлу нақл иртибот дорад.
Муовини Анҷумани гандуми Русия муътақид аст, ки афзоиши ахири қимати орд дар Тоҷикистон ба ҳазинаҳои ҳамлу нақл, қимати сӯхт ва аворизи гумрукӣ иртибот дорад.
Ба гузориши хабаргузории “Спутник”, Александр Корбут бо ишора ба афзоиши қимати орд дар Тоҷикистон дар моҳи сентябр барои панҷумин бор тайи соли ҷорӣ гуфт, тағйири нархи харид аз Қазоқистон, аворизи гумрукӣ ва ҳазинаҳои ҳамлу нақл аз омилҳои таъсиргузор дар афзоиши қимати орд будааст.
Ӯ гуфт, зеро ширкатҳои роҳи оҳан ҳамасола таърифаҳои ҳамлу нақлро афзоиш медиҳанд, қимати сӯхт низ дар ҳоли афзоиш аст ва аворизи гумрукӣ низ дар афзоиши қимат таъсир мегузорад.
Муовини Анҷумани гандуми Русия таъкид мекунад, ки дар Тоҷикистон ба далели теъдоди зиёди аъзои хонаводаҳои сокин дар ин кишвар, орд аз ҷумлаи муҳимтарин маводи ғизоӣ ба ҳисоб меояд, ки ақшори камдаромад дар ин кишвар аз он барои таҳияи нон истифода мекунанд ва афзоиши қимати он боиси дар тагно қарор гирифтани қишри осебпазири Тоҷикистон мешавад.
Қимати як киса орди 50 килоӣ, ки дар моҳи август дар бозорҳои Тоҷикистон 180 то 185 сомонӣ (муодили 19 доллар) арзиш дошт, акнун дар манотиқи мухталифи ин кишвар ба қимати 215 то 220 сомонӣ (муодили 22 доллар) эълом шудааст. Фурӯшандагони орд дар бозорҳои Тоҷикистон иллати умдаи афзоиши қимати ордро камбуди доллар ва гарон шудани ин маҳсул дар кишвари тавлидкунанда (Қазоқистон) эълом мекунанд.
Тоҷикистон ҳамасола ба 2 миллион тон гандум ниёз дорад, ки 1 миллион тони он дар дохил тавлид ва 1 миллион тони дигари ин маҳсули муҳими ғизоӣ аз аз Қазоқистон ворид мешавад.