Фаъолияти касбии мактабҳои Русия дар Тоҷикистон
Мактабҳои Русия дар Тоҷикистон ба сурати касбӣ фаъолият мекунанд.
Муовини раиси кумитаи маҷлиси Шӯрои федератсиюни Русия дар умури илм ва фарҳанг мегӯяд, ки мактабҳои русӣ дар Тоҷикистон бар асоси барномаҳои гароиши касбии донишомӯзон фаъолият мекунанд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Спутник, хонуми Лилия Гумирова гуфт, ки довталабони омӯзиши забони русӣ, риёзӣ, физика, химия, табиатшиносӣ ва улуми компютерӣ дар Тоҷикистон зиёд ҳастанд ва устодони мактабҳои русӣ дар ин кишвар бештари ин риштаҳоро тадрис мекунанд.
Вай таъкид кард, ки барои донишомӯзони ин мактабҳо дар оянда идомаи таҳсил дар доншгоҳҳо ва омӯзишгоҳҳои фаннӣ ва касбии Русия осон хоҳад буд.
Дар чорчуби ин барнома дар соли 2018 беш аз 5 ҳазор донишҷуи тоҷик дар омӯзишгоҳҳои фаннӣ-касбии Русия пазируфта шудаанд, ки дар муқоиса бо соли пеш 800 нафар бештаранд. Аз сӯи дигар омӯзиш дар ин риштаҳо заминаи кори ин ашхос дар Тоҷикистон ва Русияро фароҳам хоҳад кард.
Муовини раиси кумитаи маҷлиси Шӯрои федератсиюни Русия дар умури илм ва фарҳанг гуфтааст, ки дар соли ҷорӣ 48 устоди рус дар 20 мактаб дар Тоҷикистон ба фаъолияти худ идома медиҳанд, ки кори онон ризоятбахш арзёбӣ мешавад.