Дархости гузоришгари вижаи Созмони Милал аз ҳукумати Тоҷикистон
Сентябр 15, 2019 20:07 Asia/Dushanbe
Гузоришгари вижаи Созмони Милали Муттаҳид аз ҳукумати Тоҷикистон хост, ки барои таъмини мардуми ин кишвар бо оби ошомидании солим иқдом кунад.
Лео Ҳелербо, гузоришгари Созмони милал аз натоиҷи сафари худ ба Тоҷикистон таъкид кардааст, ки ҳукумати ин кишвар бояд барои таъмини ҳуқуқи сокинони ин кишвар дар заминаи дастрасӣ ба оби ошомидании солим тадбирҳои амалӣ андешад.
Аз дидгоҳи Созмони Милал дастрасӣ надоштани сокинони Тоҷикистон ва бавижа манотиқи рустоӣ ба оби ошомидании солим, мӯҷиби маргу мири кӯдакони то 5 сола мешавад, ки бояд барои ҳалли ин масъала иқдом шавад.
Аз ин рӯ, таъмини оби ошомидании манотиқи рустоӣ бояд дар авлавияти барномаҳои ҳукумати Тоҷикистон қарор гирад.
Барчасп