Баргузории размоиши Марказ-2019 барои Тоҷикистон муҳим мебошад
Раиси Ситоди нерӯҳои артиши Тоҷикистон баргузории размоиши низомии Марказ-2019 - ро барои Тоҷиикстон муҳим арзёбӣ кард.
Ба нақл аз хабаргузории Спутник, Ҷаҳонгир Назарализод дар оғози размоиши низомии муштараки Марказ-2019 таъкид кард, ки ба далели таҷаммӯи ҷангҷӯёни гурӯҳҳои террористӣ дар шимоли Афғонистон ва дар наздикии марзҳои Тоҷикистон, баргузории ин ин размоиш аз аҳамияти зиёде бархӯрдор аст.
Вай гуфтааст, ки пас аз шикасти гурӯҳи террористии ДОИШ дар Сурия ва Ироқ, акнун аносири ин гурӯҳ дар Афғонистон мустақар мешаванд, ки амнияти кишварҳои Осиёи Марказиӣ, аз ҷумла Тоҷикистонро таҳдид мекунанд.
Назарализода мӯътақид аст, ки ҳеҷ кишваре ба танҳоӣ наметавонад бар терроризм пирӯз шавад ва авзои ногувори амниятии Афғонистон, зарурати ҳамкорӣ ва ҳамоҳангӣ миёни нерӯҳои мусаллаҳи кишварҳои ширкаткунанда дар размоиши низомии Марказ-2019-ро матраҳ мекунад.