Талош барои таъсиси ҳизби муҳоҷирони тоҷик дар Русия
Қарор аст як ҳизби сиёсии мухтаси муҳоҷирони тоҷик дар Русия таъсис шавад.
Ба гузориши “Ахбор”, ин матлабро Иззат Амон, аз фаъолони саршиноси дифоъ аз ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷикистонӣ дар Русия эълом карда, афзудааст, ҳадаф аз таъсиси ин ҳизб - мушорикат дар интихоботи соли ояндаи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон аст.
Иззат Амон гуфтааст, барои сабти номи ҳизби муҳоҷирони мавсум ба “Тағйирот, Ислоҳот ва Тараққиёт” ба Вазорати адлияи Тоҷикистон муроҷиат хоҳад шуд.
Ба гуфтаи вай, акнун таъсиси ҳизбе барои дифоъ аз ҳуқуқу масоили беш аз 2 миллион муҳоҷири тоҷикистонӣ дар саросари дунё зарурат дорад.
Ҳанӯз мақомоти расмии Тоҷикистон нисбат ба хабари шурӯи талошҳо барои таъсиси ҳизби вижаи муҳоҷирон вокуниш нишон надодаанд.
Ин дар ҳоле аст, ки дар гузашта ҳар талоше барои таъсиси ҳизб ё созмони мушобеҳ дар қаламрави Русия бо шикаст мувоҷеҳ шудааст.