Баргузории нахустин даври ройзаниҳои сиёсии Тоҷикистон ва Малайзия дар Душанбе
Нахустин даври ройзаниҳои сиёсии Тоҷикистон ва Малайзия дар Душанбе баргузор шуд.
Ба гузориши “Форс”, Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон аз баргузории нахустин даври ройзаниҳои сиёсӣ миёни ниҳодҳои дипломатии ин кишвар ва Малайзия дар шаҳри Душанбе хабар дод.
Нахустин даври ройзаниҳои сиёсӣ миёни ниҳодҳои дипломатии Тоҷикистон ва Малайзия дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.
Раёсати ҳайати тоҷикӣ дар ин нишастро Хусрав Нозирӣ, муовини аввали Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон ва ҳайати Малайзияро Имрон Муҳаммад Зин, муовини дабири кулли равобити дуҷонибаи Вазорати умури хориҷаи ин кишвар бар ӯҳда дошт.
Ҳайатҳои ду кишвар дар ин музокирот вазъияти феълӣ ва дурнамои равобити дуҷонибаро баррасӣ ва дар хусуси масоили муҳими минтақаӣ ва байналмилалӣ табодули назар карданд.
Дар ин музокирот тарафайн бар аҳамияти машваратҳои сиёсии муназзам ба унвони омили ошкор ва ҳаллу фасли масоили мавҷуд таъкид карданд.