Сентябр 19, 2019 13:48 Asia/Dushanbe
  • Таваққуфи амалиёти сохтмонӣ дар минтақаи марзи муштараки Тоҷикистон бо Қирғизистон

Шаҳрвандони Тоҷикистон амалиёти сохтмонӣ дар минтақаи марзӣ бо Қирғизистонро мутаваққиф карданд.

Ба гузориши “АКИ Пресс”, дар ин хусус дафтари матбуоти Хадамоти марзбонии Қирғизистон эълом кард, ки ҳамакнун авзоъ дар марзи миёни ду кишвари ҳамсоя ором аст ва убуру мурури шаҳрвандони Қирғизистону Тоҷикистон ва кишварҳои дигар бидуни мамониат сурат мегирад.

Ҳамзамон низ ҳайатҳои марзбонии ду кишвар дар ростои таҳкими субот ва ҷилавгирӣ аз ҳар гуна муноқишаи тоза дар хатти марзи муштарак дар ҳоли музокира ҳастанд.

Манобеи хабарии Тоҷикистон низ иттилоъ доданд, ки дар пайи музокироти аввалия, Тоҷикистон аз сохти дидбонгоҳи нав дар минтақаи баҳсӣ даст нигаҳ медорад ва Қирғизистон дидбонгоҳҳояшро тахриб мекунад.

Рӯзи 16 сентябр нерӯҳои марзбонӣ ва сокинони манотиқи марзии Тоҷикистон ва Қирғизистон бар асари ихтилофот бар сари манотиқи аломатгузоринашудаи хатти марз бо ҳам даргир шуданд. Ин даргирӣ мунҷар ба кушта шудани 3 шаҳрванди Тоҷикистон ва як афсари марзбонии Қирғизистон ва захмӣ шудани даҳҳо нафар аз ду кишвар шуд.

 

 

Барчасп