Интихоби шаҳри Душанбе ба унвони пойтахти фарҳангии Ҷомеаи Ҳамсуд дар соли 2021
(last modified Thu, 19 Sep 2019 09:23:35 GMT )
Сентябр 19, 2019 14:23 Asia/Dushanbe
  • Интихоби шаҳри Душанбе ба унвони пойтахти фарҳангии Ҷомеаи Ҳамсуд дар соли 2021

Шаҳри Душанбе ба унвони пойтахти фарҳангии Ҷомеаи Ҳамсуд дар соли 2021 интихоб шуд.

Ба гузориши “Ховар”, ин интихобро дирӯз дар сивучаҳорумин иҷлоси Шӯрои ҳамкории фарҳангии кишварҳои узви Ҷомеаи Ҳамсуд эълом карданд.

Дар ҳамин замина, ба ҳукуматҳои кишварҳои узви Ҷомеаи Ҳамсуд дастур дода шуда, ки барои ҳузури ҳайатҳои ин кишварҳо дар барномаҳои муртабит бо интихоби Душанбе ба унвони пойтахти фарҳангии Ҷомеаи Ҳамсуд дар соли 2021 бо мақомоти Тоҷикистон ҳамкорӣ кунанд.

Мусаввабаи мавсум ба пойтахти фарҳангии Ҷомеаи Ҳамсуд дар соли 2011 ба тасвиби сарони кишварҳои узви Ҷомеаи Ҳамсуд расида ва ҳар сол як ё ду шаҳр аз шаҳрҳои воқеъ дар қаламрави ин ҷомеа ба унвони пойтахти фарҳангӣ муаррифӣ мегардад.

Пеш аз ин низ шаҳри Кӯлоби Тоҷикистон пойтахти фарҳангии Ҷомеаи Ҳамсуд дар соли 2015 интихоб шуда буд.