Сентябр 24, 2016 14:58 Asia/Dushanbe
  • Ҳамкориҳои низомию амниятӣ – дар авлавияти равобити Маскаву Душанбе

Сафири Русия дар Тоҷикистон рушди ҳамкориҳои низомӣ-фаннӣ ва амниятиро бо Душанбе аз авлавиятҳои ҳамкориҳои ду кишвар хонд.

Ба гузориши хабаргузории "Форс", Игор Лякин-Фролов, сафири Русия дар Душанбе бо ишора ба ҳузури низомии кишвараш дар Тоҷикистон гуфт, "ҳузури низомии мо ба хотири он аст, ки чунончи, зарурате пеш ояд, битавонем ба миллати бародари тоҷик кӯмакҳои лозимиро ироа диҳем, зеро агарчи минтақа дар шароити феълӣ дорои субот аст, аммо ҳамзамон таҳдидоте вуҷуд дорад, ки ба омодагӣ ниёз дорад".

Сафири Русия дар Тоҷикистон ҳамчунин аз имзои мувофиқатномае байни сафорати Русия бо намояндагии Сандуқи кӯдакони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон хабар дода афзуд, ин тавофуқ ба беҳбуди вазъи беҳдошти ҳудуди 40 ҳазор кӯдаку навзод дар Тоҷикистон кӯмак хоҳад кард. Ӯ бо таъкид ба аҳамияти ҳамкориҳои Маскав бо Душанбе афзудааст, қатъи назар аз ташдиди фаъолиятҳои иқтисодии Чин дар ин кишвар шарики тиҷории шумораи аввали Тоҷикистон ҳамчунон Русия аст ва дар 8 моҳи гузашта мубодилаи колои байни ду кишвар 700 миллион доллар будааст, ки то поёни имсол ба як миллиард доллар хоҳад расид.

Ба қавли сафири Русия дар Тоҷикистон, дар ҳавзаи таҳсилоти олӣ дар соли гузашта ба беш аз 3 ҳазор донишҷӯи тоҷик аз сӯйи донишгоҳҳои Русия бурсия ҷудо шудааст ва Тоҷикистон бештарин теъдоди донишҷӯёни худро дар хориҷ дар Русия дорад. Сафири Русия дар Тоҷикистон ҳамчунин иддаоҳои бархе афродро мабнӣ бар коҳиши нақшу нуфузи Русия дар Осиёи Марказӣ дар солҳои ахир беасос хонда таъкид кардааст, "Осиёи Марказӣ ҳамвора дар сиёсати хориҷии Русия дорои авлавият будааст ва мо бо ҳама кишварҳои ин минтақа равобити хубе дорем, ки бахшҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, омӯзишӣ, низомӣ ва амниятиро фаро мегирад".

Фролов афзуд, Маскав дар Осиёи Марказӣ манофеи бисёр ҷиддӣ дорад, ки сарчашмаи онро таҷрибаи ҳамзистии муштарак дар кишвари воҳиде ба номи Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии Сотсиалистӣ ташкил медиҳад ва миллатҳои он низ нисбат ба якдигар эҳсос наздикӣ доранд.