Сафари раиси Парлумони Тоҷикистон ба Қазоқистон
Раиси Парлумони Тоҷикистон дар раъси ҳайате аз намояндагони маҷлиси ин кишвар ба манзури ширкат дар чаҳорумин нишасти раисони порлумонҳои Авруосиё озими Нур-Султон, пойтахти Қазоқистон шуд.
Ба гузориши хабаргузории Форс, Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон дар раъси ҳайате аз намояндагони порлумони ин кишвар озими Қазоқистон шуд. Маркази матбуоти Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон ҳадаф аз сафари ҳайати тоҷикӣ ба Қазоқистонро ширкат дар чаҳорумин нишасти раисони маҷолиси кишварҳои Авруосиё унвон кард.
Бино бар суҳбатҳои Муҳаммадато Султонов, сухангӯи Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон, интизор меравад дар нишасти мазкӯр намояндагони 67 кишвари мухталиф аз ҷумлаи раисони маҷолиси 46 кишвари ҷаҳон ширкат мекунанд. Вай афзуд, дар ҷараёни ин сафари ду рӯза Зуҳуров бо теъдоде аз ҳамтоёни худ аз кишварҳои Авруосиё дидор мекунад. Султонов мавзӯоти дидори раиси Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон дар ин дидорро тавсеъаи иртибототи байни порлумонӣ хонд. Ҳамчунин қарор аст, Зуҳуров дар Нур-Султон бо раасони парлумонҳои Қирғизистон, Молдовия ва Афғонистон дидору гуфту кунад.