Сентябр 24, 2019 10:44 Asia/Dushanbe
  • Фароҳам шудани заминаи интиқоли телефонии пул аз Русия ба Тоҷикистон

Яке аз бузургтарин бонкҳои Русия аз фароҳам шудани заминаи интиқоли пул аз ин кишвар ба Тоҷикистон бо истифода аз телефони ҳамроҳ ё дастӣ хабар дод .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои  Хуросон ба нақл аз хабаргузории Спутник , Сбербанки Русия эълом карда аст, ки акнун имкони интиқоли пул аз Русия ба Тоҷикистон бо истифода аз телефони ҳамроҳ барои муштариёни бонкҳои Спетамин , Исхата , Бонки тиҷорат ва Душанбе-сити фароҳам шуда аст .

 Гуфта мешавад, ки заминаи интиқоли ҳадди аксар 50 ҳазор рубли русӣ аз Русия ба Тоҷикистон бо истифода аз телефони ҳамроҳ фароҳам шуда, ки кормузди ин муомила  1 дарсад аз кулли маблағ аст .

 Ҳадаф аз роҳандозии интиқоли телефонии даромади молии коргарони муҳоҷири тоҷик аз Русия ба кишварашон осонсозии ин раванд ва амалкарди шаффофи низоми бонкӣ унвон мешавад . Қабл аз ин асоси даромади молии беш аз1 миллиону 500 ҳазор коргари муҳоҷири тоҷикистонӣ аз Русия ба кишварашон аз тариқи чанд бонку муассисаҳои  молӣ ва қарздеҳии русӣ анҷом мешуд .

 Ҳамасола ин афрод аз Русия ба Тоҷикистон ба таври миёна 2 миллиарду 500 ҳазор доллар ирсол мекунанд, ки баробар бо буҷети солонаи ҳукумати ин кишвар аст ва дар ҳифзи суботи иқтисодиву иҷтимоии ин ҷумҳурӣ нақши муҳимме ифо мекунад .

 

Барчасп