Сентябр 24, 2019 16:12 Asia/Dushanbe
  • Ифшои ҳувияти омили ҳамла ба низомиёни рус дар Тоҷикистон

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ҳувияти омили ҳамла ба низомиёни рус дар шаҳри Бохтарро ифшо кард.

Ба гузориши “Азия плюс”, ин фард Аҳлиддин Абдуллоеви 21 сола ва зодаи шаҳристони Вахш дар устони Хатлон аст.

Ҳодисаи ҳамлаи ин шаҳрванди Тоҷикистон ба ду низомии рус рӯзи 21 сентябр рух дод ва низомиёни ёдшуда акнун таҳти дармон қарор доранд.

Мақомоти интизомии вилояти Хатлон пас аз боздошти Аҳлиддин Абдуллоев эълом карданд, ки вай бемории рӯҳиву равонӣ доштаву дар бемористони маҳаллӣ низ бистарӣ будааст.

Низомиёни рус аз замони Шуравӣ дар Тоҷикистон мустақар ҳастанду дар кулли муносибот муътадиле миёни онҳову мардуми маҳаллӣ вуҷуд дорад. Аммо бо ин вуҷуд дар гузашта гузоришҳое дар хусуси бадрафтории ин низомиён бо мардум, ба вижа дар минтақаи Кӯлоб мунташир шуда буд.

 

Барчасп