Нигаронии раиси Маҷлиси Тоҷикистон аз авзои амниятии Афғонистон
Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон аз вахомати авзои амниятии Афғонистон ва мушкилоти мубориза бо терроризм ибрози нигаронӣ кард.
Ба нақл аз хабаргузории Спуитник, Шукурҷон Зуҳуров дар чорумин нишасти руасои парлумонҳои Евраазия дар шаҳри Нурсултон, пойтахти Қазоқистон гуфтааст, ки гурӯҳи террористии ДОИШ бо истиқрор дар Афғонистон аз ҳомиёни худ манобеи молӣ ва аслаҳа дарёфт мекунад ва ба қочоқи маводи мухаддир даст мезанад ва ин масъала мубориза бо терроризмро мушкилтар месозад.
Зуҳуров бо ибрози нигаронӣ аз ташдиди вахомати авзои амниятии Афғонистон таъкид кард, ки яке аз авомили умдаи ин ноамнӣ ҳузри гурӯҳи террористии ДОИШ дар наздикии марзҳои ин кишвар бо Тоҷикистон аст.
Ба гуфтаи раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон гурӯҳҳои террористӣ дар Афғонистон аз ҳисоби қочоқи маводи мухаддир даромади ҳангуфте касб мекунанд ва ин пулҳо барои эҷоди урдугоҳҳои омӯзишии террористоҳо аз ҷумлаи атбои кишварҳои Осиёи Марказӣ истифода мешавад.