Ҷойгоҳи номуносиби Тоҷикистон дар мавриди шохисҳои озодиҳои сиёсиву мазҳабӣ
Тоҷикистон дар мавриди шохисҳои озодиҳои сиёсиву мазҳабӣ ҷойгоҳи номуносибе дорад.
Созмони Social Progress Index – 2019 шохисҳои рушди кишварҳои мухталифи ҷаҳонро баррасӣ кардааст, ки бар асоси он Тоҷикистон дар бахшҳои иҷтимоӣ пешрафт, вале дар мавриди озодиҳои сиёсиву мазҳабӣ ҳанӯз ҳам дар ҷойгоҳи номуносибе қарор гирифтааст.
Ба гузориши сомонаи “ТОП Тҷ”, ин арзёбӣ бар асоси 50 шохис анҷом мешавад, ки шомили таъмини амнияти ғизоӣ, хадамоти беҳдоштӣ, маскан, дастрасӣ ба оби ошомидании солим, барқ, омӯзишу парвариш, интернет, иттилооти озод, озодиҳои сиёсиву мазҳабӣ мешавад.
Дар ин замина таъкид мешавад, ки Тоҷикистон дар бахшҳои хадамоти иҷтимоӣ тайи солҳои ахир ба пешрафтҳое даст ёфтааст, вале дар мавриди озодиҳои сиёсиву мазҳабӣ ҳанӯз то ҷойгоҳи матлуб фосилаи зиёде дорад.
Аммо Сайфуллоҳ Сафаров, коршиноси тоҷик мегӯяд, ки аз нигоҳи сохти таъсисоти зербиноии Тоҷикистон дар миёни кишварҳои минтақа хеле пешрафт кардааст ва масоҷиди ҷадид низ сохта мешавад, ки ба маънии эҳтиром ба ҳуқуқи мусулмонон аст.
Бо ин ҳол, Нур Сафаров, коршиноси тоҷик муътақид аст, ки арзёбии созмони Social Progress Index – 2019 дар бораи Тоҷикистон ҷойи тааммул дорад. Зеро мо ба сиюмин солгарди истиқлоли Тоҷикистон дар соли 2021 наздик мешавем ва эҳсос мешавад, ки ки ҳанӯз дар мавриди таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандони ин кишвар мушкилоти зиёде вуҷуд дорад.