Истирдоди як узви "Гуруҳи 24” ба Тоҷикистон аз суи Полша
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i47076-Истирдоди_як_узви_Гуруҳи_24_ба_Тоҷикистон_аз_суи_Полша
Мақомоти қазоии Полша як узви ҳаракати сиёсии дар Тоҷикистон мамнӯи "Гуруҳи 24”-ро ба Тоҷикистон истирдод кардаанд.
(last modified 2025-09-23T13:20:16+00:00 )
Сентябр 26, 2019 20:53 Asia/Dushanbe
  • Истирдоди як узви

Мақомоти қазоии Полша як узви ҳаракати сиёсии дар Тоҷикистон мамнӯи "Гуруҳи 24”-ро ба Тоҷикистон истирдод кардаанд.

Ба гузориши сомонаи Ахбор, масъӯлони “Гурӯҳи 24”, ки дар Аврупо басар мебаранд, таъйид кардаанд, ки ахиран мақомоти қазоии Полша, Мустафо Ҳаётови 26 соларо, ки як солу се моҳ дар боздоштгоҳи муваққат дар интизори тасмимгирӣ дар бораи парвандааш буд ба Душанбе истирдод кардаанд.

Вай дар соли 2016 ҳангоме, ки дар Русия ба унвони коргари муҳоҷир фаъолият мекард, ба ин гуруҳи дар Тоҷикистон мамнуъ пайваста дар ин созмон масъулияти таблиғоти матолиб дар шабакаҳои иҷтимоиро бар ӯҳда дошт.

Ҳаётов дар соли 2016 бо убӯр аз марзи Украина аз мақомоти Полша дархости паноҳандагӣ кард, аммо ҳукумати Полша дархости вайро рад кард.

Ин фаъоли “Гурӯҳи 24” бо рафтан ба Олмон аз мақомоти ин кишвар низ дархост кард, ки ба вай мақоми паноҳандагии сиёсӣ эъто намоянд, вале мақомоти ин кишвар ҳам бо радди дархости Мустафо Ҳаётов, вайро ба Полша бар гардонданад.

Аз соли 2018 ин узви “Гурӯҳи 24” дар боздоштгоҳи муваққат барои муҳоҷирон ва паноҳандагони шаҳри Варшава нигаҳдорӣ мешуд ва ҳукми истирдодаш ба Тоҷикистон содир ва акнун иҷро шудааст.

Фаъолияти созмони мавсӯм ба “Гурӯҳи 24” дар Тоҷикистон мамнуъ мебошад ва аз соли 2015 даҳҳо нафар аз аъзои он боздошт ва зиндонӣ шудаанд.