Имзои тавофуқномаи ҳамкории Тоҷикистон бо Мексика ва Маҷористон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i47083-Имзои_тавофуқномаи_ҳамкории_Тоҷикистон_бо_Мексика_ва_Маҷористон
Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон дар ҳошияи нишасти Маҷмаи умумии Созмони Милал бо мақомоти баландпояи Мексика ва Маҷористон мулоқот кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Сентябр 27, 2019 16:22 Asia/Dushanbe
  • Имзои тавофуқномаи ҳамкории Тоҷикистон бо Мексика ва Маҷористон

Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон дар ҳошияи нишасти Маҷмаи умумии Созмони Милал бо мақомоти баландпояи Мексика ва Маҷористон мулоқот кард.

Ба нақл аз Форс, Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон бо Ҳулиан Вентуро Валери, муовини вазири хориҷаи Мексика в Питер Сиарто, вазири умури хориҷа ва тиҷорати Маҷористон дидор кард.

Бино бар гузориши намояндагии Тоҷикистон дар Созмони Милал, ин мулоқотҳо дар ҳошияи ҳафтодучорумин нишасти Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорки Амрико баргузор шуд.

Дар ҷараёни мулоқоти вазири умури хориҷаи Тоҷикистон ва муовини Вазорати хориҷаи Мексика масоили феълӣ ва дурнамои тавсиаи равобити ду кишвар мавриди баҳс ва баррасӣ қарор гирифт.

Дар поёни ин дидор тавофуқномаи байнидавлатӣ дар заминаи лағви режими раводид барои дорандагони гузарномаҳои дипломатӣ миёни ду кишвар ба имзо расид.