Воридоти 684 ҳазор тон гандум ва 32 ҳазор тон орд ба Тоҷикистон
Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон аз воридоти 684 ҳазор тон гандум ва 32 ҳазор тон орд ба ин кишвар тайи 8 моҳи нахусти соли ҷорӣ хабар дод.
Ба гузориши сомонаи Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон, тайи ин муддат Тоҷикистон 32 ҳазор тон орд ба арзиши молии 7 миллиону 600 ҳазор доллар ворид кардааст.
Ҳамчунин тайи ҳашт моҳи имсол Тоҷикистон 684 ҳазор тон гандум ба арзиши молии 136 миллион доллар ворид кардааст.
Дар ҳоли ҳозир 90 дарсади ниёзи Тоҷикистон ба орд аз воридоти гандуму пардозиши он дар дохили кишвар таъмин мешавад, ки ин муҳим дар навбати худ мунҷар ба коҳиши воридоти орд ба ин кишвар шудааст.
Мақомоти давлати Қазоқистон эълом кардаанд, ки аз соли ҷорӣ ба далели вуҷуди зарфияти кофӣ барои коркарди гандум дар ин кишвар, содироти ин маҳсул ба хориҷ маҳдуд ва танҳо дар шакли орд муҷоз хоҳад буд.
Бар асоси гузориши мақомоти Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон, тайи ҳашт моҳи имсол дар Тоҷикистон тавлиди гандум низ ба 805 ҳазор тон расидааст.
Мизони масрафи солонаи гандум дар Тоҷикистон беш аз ду миллион тон аст, ки 50 дарсад аз ин мизон дар дохил тавлид мешавад ва бақия аз Қазоқистон таъмин мешавад.